Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Октябрь 7, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Занон, сулҳ ва бехатарӣ: нақши занон дар устувории сулҳ, нест кардани зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, таъмини бехатарии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ оид ба роҳбарии занон дар таъмини сулҳу субот, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо назардошти омилҳои гендерӣ ва ҷалби фаъолонаи занон ба ҳамкории минтақавӣ изҳори назар намуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои форум оид ба таъмини иштироки пурмазмуни занон дар бунёди сулҳ ва рушди устувор дар саросари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тавсияҳо қабул карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст