ОМӮЗГОРОН-ПОСДОРОНИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши тантнавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони «Омӯзгорон – посдорони забони миллат» ҷамъомади фарҳангии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки омӯзгорон дар иҷрои рисолати пуршарафи хеш, дар амри соҳибмаърифату соҳибкасб гардонидан, дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва забондонӣ тарбия намуда ба камол расонидани насли наврас масъулияти баланд доранд. Забонро аввалан модар ба мо омӯзонида, пас муаллим такмил медиҳад. Мақому манзалати муаллим дар ташаккули маърифату фарҳанги халқияту миллатҳо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиягари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз ҳам ин тавсиф побарҷо буда, ҳамеша аз нақши тарбиятгарии муаллим мегӯянду ба бузургиаш арҷ мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои фаъолияти судманди онҳо дар ҷомеа ҳама шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчун анъана як зумра омӯзгорони фаъол барои заҳматҳои шоён дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз ҷониби раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишкада бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






