«Орифе аз Ховалинг». Қиссаи нави барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ«Ховар»/. Қиссаи нави барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим таҳти унвони «Орифе аз Ховалинг» ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар қиссаи «Орифе аз Ховалинг» нависанда доир ба ҳаёту фаъолияти шоир Мирзо Бозори Ховалингӣ нақл намуда, хонандаро ба лаҳзаҳои нотакрори умри адиб шинос месозад.
Мирзо Бозор бо тахаллуси Хотир соли 1804 дар деҳаи Хосиёни Ховалинг ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан барои мукаммал кардани савияи дониш ба Ҳиндустон сафар намуда, таҳсилро идома додааст.
Шоир илмҳои замонаш, сарфу навҳи забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунари хаттотиро аз бар кардааст. Ӯ яке аз донишмандону шоирони замони худ дониста шудааст.
Шоир баъди бозгашт дар зодгоҳаш зиндагӣ ихтиёр мекунад ва ба таълим додани хонандагон машғул мешавад. Соли 1885 дар зодгоҳаш аз олам чашм мепӯшад.
Аз Хотир мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст. Девони шоир аз 400 ғазал, рубоиёт, қитъа, мухаммас, соқинома, марсия иборат буда, ба мавзуъҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ ва фалсафӣ бахшида шудаанд. Ғазалҳои шоир аксаран равону пуробуранг буда, дар сабки Ҳофиз эҷод шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки то ин муддат нависанда Маҷид Салим дар мавзуи олами ҷонварон ва табиат асарҳои бисёре ба нашр расонидааст. Ӯ давоми солҳои охир як силсила асарҳои таърихӣ, аз ҷумла романи «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ», қиссаи «Офтоби тобон»-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва қиссаи «Темурмалик»-ро эҷод намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






