Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 13, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Иншоот дар масоҳати 770 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.

Ошёнаи якуми бино аз китобхона бо фарогирии асарҳои Пешвои миллат ва китобҳои бадеӣ, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, бойгонӣ ва утоқи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро утоқҳои корӣ, маъмурият ва маҷлисгоҳ бо назардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбати самимӣ анҷом дода, масъулони соҳаро барои вусъат додани ободонию бунёдкориҳо, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, беҳсозии шароити зиндагии сокинон ва бо эҳсоси баланди масъулият амалӣ намудани ҳадафу барномаҳои ҳизб ҳидоят намуданд.

Октябрь 13, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон