Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 12, 2024 13:45

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав, ки аз 2 ошёна иборат аст дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар китобхонаи он китобҳои тозанашр, хоса асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар адабиёти илмиву бадеӣ маҳфуз буда, дар толори хониш кормандон ва аъзои ҳизб метавонанд ба мутолиа машғул шаванд.

Зимни ифтитоҳи иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, сохтмони чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандону аъзои ҳизб туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд.

Сохтмони бинои мазкур моҳи июли соли 2023 оғоз гардида, барои иҷрои корҳо 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Барои дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва бунёди иншооти муосир бо имконоти замонавӣ кормандону аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои иҷрои боз ҳам босифати нақшаву барномаҳои ҳизб, саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, пешбурди фаъолияти самараноку созанда, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон