Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 15 ошёнаро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.
Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани калиди манзилҳои истиқоматӣ ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.
Дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бино марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он оянда то 30 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помирсоз” дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ соли 2021 оғоз гардида, дар ин муддат шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна дар маркази вилоят тибқи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ сурат мегирад.
Дар саҳни бино майдонча барои фароғати истиқоматкунандагон ташкил ва атроф чароғону кабудизор карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






