ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН

Октябрь 5, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Расидан ба истиқлоли миллӣ неъмати бузурги башарӣ маҳсуб шуда, ҳар халқи озодихоҳу тараққихоҳи олам барои расидан ба он талош мекунад. Тоҷикистон низ дар охири садаи бистум ба ин неъмати бебаҳо мушарраф шуда, барои пешрафти минбаъда роҳи васеъ боз кард. Аммо дар аввали давраи соҳибистиқлолӣ бо таъсири баъзе гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат сар зад ва раванди рушди давлатро на танҳо то ба чанд соли баъд ба қафо кашид, балки хисороти зиёди моддӣ ва маънавӣ ба бор овард. Дар натиҷа, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати миллӣ ба миён омада буд.

Барои миллати қадимаву бофарҳанги тоҷик дар чунин шароити ниҳоят душвор шахсияти ватандӯсту ватанпарвар, боматонату қави-иродае зарур буд, ки халқро аз вартаи ҷанги бемаънӣ раҳоӣ бахшад, сулҳро дар тамоми қаламрави мамлакат барқарор намояд, байни минтақаҳо робитаи дӯстиву ҳамкориро устувор созад, сохти давлатдориро барқарор ва барои пешрафти мамлакат роҳи васеъро боз намояд. Ба бахти миллати ҷафодидаи тоҷик ҳамон рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гашта, таҳаввулоти азиме дар давлатдории миллӣ ба вуҷуд овард. Бешубҳа, аксари дастоварду пешрафти Тоҷикистон дар сӣ соли охир бо ному пайкори ин сиёсатмадори барҷаста сахт алоқамандӣ дошта, давраи фаъолияташро давраи созандаи давлатмеҳварӣ ва омӯзанда маънидод кардан мумкин аст.

Нахуст иқдоми бузурге, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар умури дохилии мамлакат пеш гирифтанд, расидан ба сулҳи сартосарӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷараёни сулҳофаринӣ кори осон набуд. Он талошу заҳмати зиёд талаб мекард. Зеро дар қисматҳои ҷанубиву шарқии Тоҷикистон даргириҳо авҷ гирфта, одамони зиёди бегуноҳ талаф меёфтанд ва бисёр деҳоту ноҳияҳо хароб мегардиданд. Дар ҳамин вазъияти буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ин марди шуҷоъ ҳамчун сипар дар миёни оташи ҷанги хонумонсӯз ворид шуда, барои аз вартаи мушкил раҳоӣ бахшидани халқ ба фаъолияти созанда оғоз карданд. Дар вазъиятҳои ногувор бо қумандону саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ мулоқот намуда, масъалаи оташбасу суботро пешниҳод намуданд ва барои расидан ба сулҳ қадами уствор гузоштанд.

Баъди гуфтушунидҳои бардавом ин сиёсатмадори қавиирода Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷиконро бо иттиҳоди мухолифин ба имзо расонида, пеши роҳи нобудшавии давлатро гирифтанд, хатари пароканда шудани мамлакатрро аз байн бурда, бо таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ амниятро дар тамоми қаламрав таъмин намуданд.

Консепсияи сулҳофаринии Президенти ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир таҷрибаи нодир маҳсуб меёфт ва аз ҷониби бисёре аз роҳбарони воломақоми давлативу сатҳи байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардид. Дар раванди сулҳсозӣ Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик истифода карда, заминаҳои расидан ба сулҳро ҷиддӣ омӯхтанд, бо табақаҳои мухталифи мамлакат мулоқот карда, аз сарчашмаҳои илмиву назарӣ самаранок истифода намуданд ва ниҳоят усули мусолиматомезро пеш гирифта, барои расидан ба сулҳу суботи пойдор талош намуданд.

Дар ҳақиқат, ҷавҳари андешаи сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмонро, пеш аз ҳама, хиради азалии халқи тоҷик ташкил медиҳад. Президенти Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷрибаи бузурги таърихӣ миёни гурӯҳҳои даргир созиш намуда, вазъро ба эътидол оварданд ва оташи ҷангу низоъҳои дохилиро аз байн бурданд. Агар ба суханрониҳои Сарвари хирадманд дар ҳамин марҳила назар намоем, ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки ба осори мутафаккирони гузашта такя мекунанд, аз лаҳзаҳои муноқишаҳои даргири гузашта ёдовар мешаванд ва ҷанги бародаркушро маҳкум намуда, фоҷеаи Рустаму Суҳробро нанги миллат мепиндоранд. Дар суханрониҳои худ бо ҷиддияту қатъияти том халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимӣ, фарҳангпарвар, ботаҳаммул ва сулҳофар муаррифӣ карда, аз ҳастии иҷтимоии он ҳифз мекунанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи наҷоти миллатро дар ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот дида, аз принсипи ҳамзистӣ дифоъ мекунанд. Ҳамин боис шуд, ки сулҳу субот дар мамлакат устувор гашт, роҳи пешрафти мамлакат боз гардид ва тадбирҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ амалӣ шуда, мавқеи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ баланд рафт.

Сулҳи Тоҷикистон, бешубҳа, барои аксари кишварҳои озодихоҳи олам ва давлатҳои дар ҳоли низоъ қарордошта мактаби бузурги ваҳдату якдилӣ эътироф гардид ва дар низоми ҳалли масъалаҳои сиёсӣ таҷрибаи бемисл дониста шуд. Воқеан, ин марҳилаи тақдирсоз ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан гӯянд, ҳадафҳои созандаи хешро шарҳ диҳанд ва ногузир будани сулҳро барои ҳар як кишвар исбот карда, дар ҷаҳони мутамаддин ҷойгоҳи хос касб намоянд. Махсусан, борҳо аз минбарҳои сатҳи баланд баробари шарҳи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон оид ба вазъияти Афғонистон ва мушкилоти сиёсиву иҷтимоии он баромад карда, ҷиҳати раҳоӣ бахшидан аз муноқишаҳо, хотима додани ҷанг ва бо роҳи мусолиматомез, бо иштироки тамоми қавму миллатҳо ҳал кардани масъалаҳои дохилии Афғонистонро ба миён гузошта, расидан ба сулҳи пойдорро ягона омили пешрафти ин мамлакат медонанд. Ҳамчун ҳамсояи наздик Сарвари давлати тоҷикон тарафдори сулҳу субот дар Афғонистон буда, қариб ду даҳсола аст, ки барои ҳадафи созандаашон талош меварзанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди расидан ба сулҳи созандаву омӯзанда аввалин иқдоме, ки пеш гирифтанд, муаррифии халқи тоҷик ҳамчун миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз мебошад. Бо ин мақсад чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ карда, барои зинда гардонидани номи чеҳраҳои барҷастаи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик қадами устувор гузоштанд. Дар муддати начандон кӯтоҳи таърихӣ ин абармарди тамаддунсоз ҷашнҳои 1100 — солагии давлати Сомониён, 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии шаҳри Ҳисор, 2700 — солагии китоби “Авасто”, ҷашни тамаддуни ориёиҳо, 1100 — солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 — солагии Имом Абуҳанифа, 900 — солагии Умари Хайём, 800 — солагии Мавлоно Ҷалоддини Балхӣ, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаронро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор карда, меросдору тамаддунофар будани халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ исбот намуданд. Дар заминаи ин ҷашнвораҳо ҳамоишҳои илмӣ доир гардида, рисолаву китобҳои зиёди пажуҳишиву оммавӣ чоп шуданд, ки онҳо барои муаррифии миллати тоҷик нақши созанда бозида, дар боло рафтани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таъсири амиқ расониданд. Махсусан, маърузаҳои Пешвои соҳибқирон дар рӯзи таҷлили чорабиниҳо барои шинохти дурусти чеҳраҳои адабиву илмӣ аҳаммияти омӯзанда доштанд. Инчунин дар бедор кардани ҳисси миллӣ, баланд бардоштани ифтихори ватандӯстӣ, таҳким бахшидани ваҳдати комил ва устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ суханрониҳои Пешвои миллат таъсири амиқ расониданд. Ҳамин муносибати некбинона ба гузаштаи халқи тоҷик ва мероси маънавии он дар байни ҷомеа барои боз ҳам қавӣ гардидани шахсияти хирадгустаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарваре ҳастанд, ки ба хотири бедор кардани ҳисси миллӣ, ошноӣ пайдо кардан ба таърихи гузашта, дарк кардани моҳияти қавму миллат ва тавсеа бахшидан ба ҳувияти маънавии ҷомеа давлати бузурги Сомониёнро ҳамчун улгуи миллӣ ва рамзи давлатдорӣ пешниҳод карданд, ки он аз ҷониби аҳли ҷомеа бо хушнудӣ пазируфта шуд. Аз ҳамин давра сар карда, аксарияти мардум ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик рӯ овард ва ба гузаштаи пурифтихори хеш ошноӣ пайдо намуд. Халқи тоҷик ба ин восита соҳиби ормони миллӣ ва рамзи устувори давлатдории миллӣ гардид. То ин замон, агар миқдори ками одамон (олимону донишмандон ва зиёиён дар назар аст. — А. Р.) ба гузаштаи халқ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, баъди эълон шудани ҷашни 1100 — солагии давлати Сомониён аксарият рӯ ба таърихи пурифтихори халқи худ намуд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таблиғот мардум на танҳо ба корномаи насли Сомониён шинос шуд, балки таъриху фарҳанги халқи тоҷикро аз бар намуда, бо бисёр ҳодисаҳои гузашта аз наздик ошно гардид. Дар ин марҳала, доираи ахбори таърихӣ ва шиносоӣ ба фарҳанги пешина мақому манзалати баланд касб кард ва руҳияи мардумро нисбат ба гузаштаи халқи тоҷик комилан дигаргун гардонид. Бешак, дар зинда кардани нахустин давлати тоҷикон ва ба сӯйи худшиносӣ майл намудани аҳли ҷомеа, инчунин соҳиби рамзи давлатдорӣ шудани халқи тоҷик нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Бо саъю кӯшиши пайвастаашон шинохти халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ шуруъ шуд ва таърих ба сифати ойинаи ҷаҳоннамои миллат ифшогари воқеаҳои гузашта қарор гирифт.

Дар заминаи таҳқиқи ҳастии иҷтимоиву маънавии халқи тоҷик рӯ овардан ба омӯзиши таърихи қавмҳои ориёӣ иқдоми ниҳоят ҷиддӣ ва баҳсбарангез маҳсуб меёфт, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид. Он масъулияти баланд, дипломатияи қавӣ ва муносибати некбинона ба ҳамсоягон ва халқу кишварҳои дигарро тақозо менамуд. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар арсаи байналмилалӣ мақоми ориёиҳоро ҳамчун қавми башардӯст ва сулҳофар муаррифӣ намоянд ва исбот созанд, ки тоҷикон як шохаи ин қавм буда, аз қадим то ба имрӯз ба кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва сулҳофаринӣ машҳур мебошанд. Ин иқдом, дар аввал чи дар дохил ва чи дар хориҷ мушкилиҳои зиёд ба бор овард. Аммо матонату шуҷоат ва истеъдоди фавқулодаи сарварӣ имкон дод, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро шарҳ диҳанд ва онро дар сатҳи баланд доир намоянд.

Баргузор кардани ҷашнвораҳои адибону олимони барҷаста, аз ҷумла устод Абуабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолиддин Муҳам-мади Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон на танҳо ба муаррифии чеҳраҳои бузурги халқи тоҷик асос гузошт, балки дар байни ҷомеа ҷиҳати бедор кардани ҳувияти миллӣ, ҳисси эҳтиром ба осори илмиву адабии гузашта заминаи мусоид фароҳам овард. Бо ин ташаббуси шоиста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон завқи ҷомеаро ба адабиёт, илм, фарҳанг, забон ва таърих бедор карда, мероси маънавии халқро бо диди нав аз рӯйи арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ пешниҳоди умум ва консепсияи шинохти миллиро аз нав тарроҳӣ намуданд. Ин раванд муҳаббати халқро ба таъриху фарҳанг бештар намуд.

Барои дар умқи андеша ва ҷаҳони маънавии ҷомеа ҷой додани руҳи абадзиндаи нухбагону фаррехтагони халқ Сарвари хирадманд бунёди муҷассамаву ҳайкалҳои адибону олимон ва чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоиро оғоз карданд. Дар муддати беш аз ду даҳсола на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пайкараҳои боҳашамат ва бошукуҳи чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ қомат афрохтанд, ки ҳар кадом ифодагари рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб меёфтанд. Аввалин иқдоми шоиста дар ин самт бунёди маҷмааи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Пайкараи муҳташами ин чеҳраи бузурги таърихӣ, пеш аз ҳама, бозтобдиҳандаи улгуи давлатдории миллии тоҷикон ва рамзи пойдориву уствории халқи тоҷик буда, дирӯзро ба имрӯз пайванд кард ва ифтихори миллиро дар миёни мардум тақвият бахшид. Бо эҳдо шудани маҷмуаи мазкур ва қомат афрӯхтани пайкараи абармарди давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ бори дигар қадимият ва давлатдор будани халқи сарбаланди тоҷик тасдиқ гардид. Ин ормони миллӣ, рамзи давлатдорӣ ва чеҳраи ҳувиятсоз, ки баъдҳо дар ҳамаи маркази шаҳру ноҳияҳо қомат афрохт, ба сифати ғояи давлатдор будани тоҷикон пазируфта шуд ва ҳамчун қомуси миллӣ эътибор пайдо намуд. Бо ин роҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халоққияти миллиро устувор карда, биниши одамонро ба гузаштаи халқ дигаргун сохтанд ва Исмоили Сомониро ҳамчун рамзу ормони абадияти давлати миллӣ муаррифӣ намуданд. Пас аз Исмоили Сомонӣ ҳайкалҳои Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо чеҳраҳои шинохтаи миллат аз қадршиносӣ гардидани хизмати бемисли фарзандони номдори диёр дарак дода, бевосита дар баланд рафтани ҳисси худшиносии миллии насли нав таъсири амиқ гузошт.

Паҳлуи дигари шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чопу интишори осори олимону адибони барҷаста ба назар мерасад, ки ҷаҳиши бузург дар вусъат бахшидани неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ дар мамлакат мебошад. Бо дастури Сарвари давлат силсилаи китобҳои адибони гузаштаву муосири тоҷик бо номи “Ахтарони адаб” дар 50 ҷилд интишор шуд, ки дар боло бурдани маърифати аҳли ҷомеа нақши босазо бозид. Ба ин восита, завқи мардумро ба китобхонӣ зиёд карда, ҷомеаро бо мероси пурғановати миллати азизаш ошно намуданд. Ин китобҳо, ки маҷмуи осори хаттии халқро давоми таърих фаро мегиранд, исбот месозанд, ки тоҷикон миллати тамаддунофаранд ва танҳо бо иффати баланд ва ҳисси бузурги башардӯстиашон машҳури офоқ гардидаанд. Ба ғайр аз ин, дар ин давра китобҳои “Ашъори Абуабдулло Рӯдакӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Маснавии маънавӣ”, девонҳои Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддини Шоҳин, Хоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва садҳои дигар осори адибони гузашта ва муосир чоп шуда, манзури хонандагон гардиданд.

Бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудани “Қуръон”- и карим, ба ҳар хонавода тақдим шудани “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳ-нома” — и Абулқосим Фирдавсӣ бозтобдеҳи хиради бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин пиндошти нек бори дигар муҳаббати Сарвари давлатр ба фарҳангу таъриху тамаддуни халқашон равшан менамояд.

Умуман, ҷалби ҷомеа ба китобхонӣ, бедор кардани завқу шавқи мутолиагарӣ паҳлуи дигари шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради ҳакимонаашонро ташкил медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таъсис ёфт, ки дар байни қишрҳои мухталиф ҳамовозии гарм пайдо намуд ва ҷиҳати омӯзиши осори гаронбаҳои адабиёти олам роҳи васеъ боз кард. Дар натиҷа, ҳазорҳо нафар, аз хурд то бузург, ошиқи осори адибони гуногунзамону гуногунмиллат шуда, ҳофизаи адабии худро қавӣ гардониданд ва доираи фикррониву ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

Ба ғайр аз ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари мероси миллӣ ва ҷашнҳои миллӣ буда, дар ин ҷода таҳаввулоти фарҳангиву маънавиро ба вуҷуд оварданд. Бо ташаббуси пешвои миллат дар ҷумҳурӣ рӯзҳои “Шашмақом” ва “Фалак” ба ҳукми анъана даромада, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз нав арзи ҳастӣ намуданд. Зинда шудани санъату мусиқии халқиву анъанавии пешина ва эҳё гардидани ҷашнҳои миллӣ бори дигар аз қадимияти халқи тоҷик дарак дода, дар бедор кардани завқи отифонаи мардум ва рӯ овардан ба суннатҳои миллӣ таъсири бузург расонид. Бешак, ҷашнҳои мазкур унсури тамаддунофаринӣ дошта, муносибати гузаштагонро ба табиат ва башарият равшан месозанд. Онҳо ҳар кадом дар ташаккули урфу одат ва ҳунару истеъдои халқи тоҷик таъсир расонида, аз маданияти бостонии мардум башорат медиҳанд. Аз нав “таваллуд ёфтани” ин ҷашнҳо муҳаббати халқро ба Сарвараш афзун намуд ва хотираи фарҳангиро дар зеҳни ҷомеа устувор гардонид.

Мусиқӣ низ унсури маърифатомӯзӣ дошта, дар шаклгирии фарҳанги миллӣ таъсири амиқ мерасонад. Ба ҳамин мақсад, Роҳбари хирадманд мусиқии суннатиро дар мисоли “Шашмақом” ва “Фалак” умри дубора бахшида, имкон фароҳам оварданд, ки санъату мусиқӣ рушд кунад ва ҳамчун манбаи зебоишинохтӣ ба мардум хизмат намояд. Ҳамин боис шуд, ки раванди таҷаллии санъат дар замони соҳибистиқлолӣ дурахши нав касб кард ва он ба унсури тавонбахши санъатдӯстӣ табдил ёфт.

Дарки дурусти донистани забони миллӣ ва арҷ гузоштан ба ин унсури миллатсоз дар тафаккури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон ба ин рукни давлатдории миллӣ диққати махсус дода, ба рушду равнақи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ карданд ва тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ намуданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давалтӣ” ва доир кардани Рӯзи забони тоҷикӣ аз ҷумлаи ибтикороти собитқададмонаи ин Сарвари хирадманд ба ҳисоб мераванд. Сиёсатмадори соҳибзавқ ба омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ низ машғул шуда, дар ду ҷилд китоби “Забони миллат — ҳастии миллат”-ро таълиф намуданд, ки дар пажуҳиши забони тоҷикӣ ва сайри таърихии он нақши арзанда мегузорад. Дар пояи сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва илмиву назарӣ қадимияти забони тоҷикиро исбот намуда, роҳи ташаккулу таҳаввули онро дар тӯли таърих дуруст муайян намуданд. Баробари ин оид ба ҳамрешагиву ҳампайвандии забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ изҳори андеша карда, муштаракоти ин забонҳоро бо мисолҳои равшан ва далҳои саҳеҳ тасдиқ карданд. Пешвои миллат- меҳанпарасти асил забону фарҳангро ҳастии миллат дониста, дар муаррифии шоистаи онҳо нақши арзанда гузоштаанд.

Чунин муносибати некбинона нисбат ба забону фарҳанг, таъриху адабиёт, санъату мусиқӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам оварданд, ки дар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ аз санъату фарҳанги тоҷикӣ дифоъ намоянд. Бо ин мақсад Президенти Тоҷикистон тавассути созмони байналмиллалии ЮНЕСКО аксари осори маданиву фарҳангии халқи тоҷикро ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси моддиву ғайримоддии ҷаҳон пешниҳод намуда, аз онҳо ҳимоят карданд. Аз ҷониби дигар, ин мероси бузург ҳамчун воситаи таҳким бахшидани неруи нарм истифода шуда, дар толорҳои Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва марказҳои фарҳангии кишварҳои дуру наздик ба намоиш гузошта, бо иштироки рассомон, ҳунармандон ва санъаткорони тоҷик чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар заминаи баргузории чунин чорабиниҳо доираи зиёди муҳаққиқони хориҷӣ ва чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо санъату фарҳанги тоҷикон шинос шуда, аз намоишгоҳҳо дидан намуданд ва таассуроти худро нисбат ба маданияти халқи тоҷик дар матбуот баён намуда, ба Сарвари тоҷикон изҳори сипос карданд. Махсусан, ба номоиш гузоштани нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар музейи Гимели шаҳри Парижи кишвари Фаронса диққати бостоншиносон, таърихшиносон ва шарқшиносони зиёдеро ба худ ҷалб кард. Ин нигораҳо ҳар кадом аз қадимияти халқи тоҷик ва ҳунарманду бофарҳанг будани фарзандони он дарак дода, гузаштаи пурифтихори моро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Иқдоми мазкур дар муаррифӣ кардани гузаштаи халқи тоҷик нақши созанда бозид.

Дар ду даҳсолаи охир қабул гардидани ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва баромадҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмони бонуфуз, инчунин доир гардидани ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Душанбе ва баррасӣ гардидани масъалаҳои глобалии сайёра дар шинохти шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим бозиданд. Ҳар як пешниҳоди Сарвари тоҷикон маҳорату истеъдод ва касбияти баланд доштанашонро ошкор карда, аз ташаббускории ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дарак медиҳад. Пешниҳодҳои мазкур на танҳо дар боло рафтани нуфузу мақоми давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсир расониданд, балки ба ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаби геосиёсӣ, экологӣ, иқлиму табиат, аз ҷумла гармшавӣ, ҳифзи пиряхҳо ва даҳо проблемаҳои глоблаии сайёра мусоидат карданд.

Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар иҷлосияи 79 — уми Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси наву созандаро дар масъалаи муҳимияти сулҳи бардавом пешниҳод карда, аз толор изҳор намуданд, ки “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” эълон карда шавад. Ин ибтикори созанда дар шароити кунунӣ аҳаммияти басе бузург дошта, дар пешгирӣ кардани ҷангҳои мудҳишу кушторҳои бемаънӣ мусоидат мекунад ва инсониятро аз хатари ҷанги ҷаҳонӣ ва ҳастаӣ эъмин нигоҳ медорад. Ҳамзамон ин ташаббус пеши роҳи муноқишаву низоъҳои вазнинро гирифта, барои осуда умр ба сар бурдани наслҳои баъдӣ шароит фароҳам меоварад. Таҳким бахшидани сулҳ ва таъмини амнияту субот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони шиддатгирии муноқишаҳои вазнини хатарзо иқдоми беназир буда, дастгирӣ кардани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои осудагӣ ва пешрафти кишварҳо нақши бузург мебозад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи баланди сулҳофаринӣ доранд, ин иқдомро барои бисёр кишварҳое, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд, саривақтӣ дониста, хоҳони сулҳу субот дар ҷаҳон мебошанд. Ҳамзамон меросбарии наслҳои ояндаро ба инобат гирифта, таҷрибаи омӯзандаи гузаштагонро дар масъалаи ҳамзистӣ ва таъмини сулҳу субот муҳим мешуморанд. Ин принсип ба раванди амнияту субот ва пешрафти кишварҳо мусоидат карда, аз таъсири ҷангу хунрезиҳо давлтҳоро нигоҳ медорад ва падидаи некро барои таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ба бор меоварад. Ба ин хотир, месазад, ки дар заминаи чунин ташаббусҳои беназир дар роҳи саодати ҳаёти башарият номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти Ҷоизаи Нобелӣ пешниҳод гардад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди ҷомеаи тоҷику Тоҷикистониро пуштибонӣ намояд. Ҳамзамон аз ниҳодҳои алоҳидаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ИСЕСКО, ЮНЕСКО ва намояндагии он дар Бангкок ва Алмато дархост ба амал меоварем, ки ин пешниҳодро расонаӣ ва дастгирӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки ин абармарди дунёи сиёсат ва маърифатпарвари ватандӯст дар маснади роҳбарӣ фаъолияти пурсамар карда, аз ҷумла сулҳу суботро пайваста ташвиқ менамоянд. Ба ғайр аз ин, Сарвари давлати мо ваҳдати комилро дар мамлакат устувор карда, бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам муносибати некбинона ва дӯстона барқарор намудаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба рушду тараққиёт, ҳифзи иқлиму табиат, масъалаҳои экологӣ сухан гуфта, ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро воситаи муҳими ҳамзистӣ медонанд. Ба ғайр аз ин, дар пешрафти илму фарҳанг саҳми шоиста гузошта, ҳамеша хостори сулҳу субот дар ҷаҳони муосир мебошанд.

Умедворем, ки ҷомеа ин пешниҳодро дастгирӣ карда, ба боз ҳам баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Мо, дар навбати худ аз давлатмеҳвари тоҷикон ва ҳомии сулҳ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту сарбаландии халқи азизамон дар ҳама самтҳои иқтисоди миллӣ умедҳои зиёд дорем. Боварӣ дорем, ки Президенти Тоҷикистон дар оянда низ дар баробари таъмини зиндагии боз ҳам шоистаи мардуми тоҷик ҳамчунин барои ҳаёти орому осудаи мардумони сайёра ташаббусҳои зиёди дигаре амалӣ менамоянд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 5, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад