Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд

Октябрь 4, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дошта, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ин самт хеле назаррас аст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ду давлат тамоили мусбати рушд дорад.

Ҷонибҳо зарурати идомаи талошҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва фаъолгардонии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ иброз намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 4, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид