«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Брифинги муштарак оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид

Октябрь 11, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр брифинги маҷозии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Кувайт дар Созмони Милали Муттаҳид ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои амнияти сарҳадӣ – марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» (ш. Ал-Кувайт, 4-5 ноябри 2024) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Конфронс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ташкил мешавад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Давлати Кувайт дар Созмони Милали Муттаҳид Тариқ Ал Банай ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ба иштироккунандагон дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии ин конфронси байналмилалӣ ва инчунин “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон инчунин изҳор намуд, ки «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ҳамчун платформаи байналмилалӣ заминаи муҳимро барои ҳамкорӣ, мусоидат ба муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор фароҳам меорад.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд, ки ҳадафи конфронс бо тавсеа ёфтани “Раванди Душанбе” ба таҳкими ҳамкории зиддитеррористӣ дар минтақаҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона гардидааст. Ӯ итминон дод, ки марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе талошҳои минтақавӣ ва байналмиллалии мубориза бо терроризмро тақвият бахшида, барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми брифинг аз кишварҳои аъзо даъват карда шуд, ки иштироки ҳайатҳояшонро дар конфронс дар сатҳи баланд таъмин намоянд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

 

Октябрь 11, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд