Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Озарбойҷон дар самти пешбурди содирот ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафар намояндагони Агентии содирот, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва корхонаи муштараки «Тоҷ Азер Трейд»-и Тоҷикистон дар Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) ва Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBİA) вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо Хонаи соҳибкории хурду миёнаи шаҳри Боку, Маркази логистикии «Absheron Logistics Center», Ширкати байналмилалии логистикии «Helmann Worldwide Logistic», Гурӯҳи ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоии «Azersun Holding», Комплекси агросаноатии истеҳсол ва коркарди пахтаи «Azerpambıq», Корхонаи коркарди пилла ва истеҳсоли газворҳои абрешимии «Azeripak», Корхонаи истеҳсоли заъфарон ва маҳсулоти ниҳоӣ аз он «Absheron Saffron», Корхонаи истеҳсоли хӯришҳои мевагии «Crispa Snacks», Корхонаи коркарди хурмои «Balkhoorma», Шабакаи савдои яклухти маҳсулоти нассоҷиву коркардшудаи кишоварзии «Agromoll» доир ба фаъолияти ин сохторҳо аз рӯи занҷираи пурраи логистикии таҳвил- шуруъ аз захира, коркард, банду баст то пешбурди маҳсулоти ниҳоӣ дар бозорҳои хориҷӣ маълумоти мушаххас пайдо намуд.
Давоми сафар масъулини мақомоти давлатии Тоҷикистон бо низоми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содироткунандагон, маҷмуъ ва тарзҳои расонидани хизматрасонии давлатӣ ба истеҳсолкунандагони хурду миёнаи маҳсулоти ба содирот нигаронида ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон шинос гардиданд. Ҳамзамон бо ҳамтоёни худ аз рӯи масъалаҳои имконият ва самтҳои афзун намудани савдои дуҷониба байни мамлакатҳо, истифодаи имконияти транзитии долонҳои нақлиётии мамлакатҳо зимни интиқоли борҳо ба мамлакатҳои сеюм дар самтҳои мутақобили ғарбу шарқ ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ музокирот гузарониданд.
Ҷониби Тоҷикистон намояндагони Озарбойҷонро ба иштирок дар Форуми чоруми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд», ки 17-18 октябри соли равон дар вилояти Хатлон баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






