Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Шаҳбоз Шариф ва Ли Тсян мулоқот намуд

Октябрь 15, 2024 19:29

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар доираи ҷаласаи 23-уми Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)- и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф  мулоқот намуд.  

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай марҳила ба марҳила рушд менамоянд.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва фарҳангию маърифатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  таъкид дошт, ки барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинишуда байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст.

Инчунин, 15 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода бо  Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ  ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва роҳу нақлиёт аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисиони Чин низ ёдоварӣ карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2024 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд