СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хуҷанд вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 6, 2024 18:15

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин матлаб зимни ҳамоиш бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, вазифаи муҳими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, эҳтирому арҷгузории суннатҳои неки оиладорӣ ва сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон мубодилаи афкор намудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, дар ин раванд ба ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки аз ҷониби намояндагони муассиса ва идораҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки доираи васеи табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ бештар долир шаванд.

Зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Октябрь 6, 2024 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид