«Сомон Эйр» барномаи навсозии курсиҳои мусофирнишини ҳавопаймоҳоро амалӣ намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барномаи навсозии курсиҳои мусофирнишини ҳавопаймоҳоро амалӣ намуд. Дар доираи барнома курсиҳои кӯҳнашуда бо курсиҳои нав иваз карда мешаванд. Курсиҳои нав модели курсиҳои эконом-класси Elesa- истеҳсоли ширкати TCI (Туркия) мебошанд. Курсиҳо қаблан дар Душанбе дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии DITE-2024 муаррифӣ шуда, хуб арзёбӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ширкат иттилоъ доданд.
Дар курсиҳои бароҳат мизчаҳо, кисаҳо барои адабиёт ва чангаки либосовезӣ насб шудаанд. Роҳаткурсиҳо дорои механизми идоракунии хаму ростшавӣ ва дастмонак мебошанд. Курсиҳо ҳамчунин бо мизчаҳои махсуси барои истифодаи телефону планшетҳо мувофиқ муҷаҳҳаз мебошанд, ки ба истифодабарандагони таҷҳизоти мобилӣ хеле хуш меоянд. Тарҳи нави курсиҳо рамзи ширкатро дошта, инъикоскунандаи инкишофи брендинг мебошад.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев иброз дошт, ки «акнун сафар бо мо боз ҳам бароҳату гуворотар хоҳад буд. Ин тирамоҳ мо барои мусофирон дар эконом-класс роҳаткурсиҳои нави муосир пешниҳод намудем. Толори навшуда хушнамуду муносиб буда, дар фазо муҳити созгор фароҳам меорад».
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 мураттаб мебошад.
АКС: «Сомон Эйр»








Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид






