Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ

Октябрь 13, 2024 19:32

13.10.2024, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде пеш ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.

Тайи чанд рӯзе, ки мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорем, натиҷаву маҳсули заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони онро хуб мушоҳида намудем.

Бинобар ин, ба кулли мардуми вилоят барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати созандаву ободгарона ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки чорабинии имрӯза низ самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин ба шумор меравад.

Ҳазорон маротиба шукр мегуем, ки имрӯз мову шумо давлати соҳибистиқлоли худро дорем, соҳиби Ватани озоди худ ҳастем, ки он бо азму талоши мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Хотирнишон менамоям, ки истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо як воқеияти сиёсӣ, балки масъулияти бузурги маънавӣ дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд.

Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд.

Ҳамзамон бо ин, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки таърихи беш аз се даҳсолаи гузашта барои мо давраи болоравии бесобиқаи ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат гардид.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра мо ба дастоварди ниҳоят арзишманди таърихӣ – ваҳдати миллӣ, ки роҳро барои пешравию комёбиҳои беназири ин марҳалаи давлатдории навини тоҷикон ҳамвор сохт, ноил гардидем.

Яъне дар ин давра мардуми мо миллати куҳанбунёду тамаддунсоз будани худро исбот карданд, қобилияту қудрати хешро барои анҷом додани корҳои бузург ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳои сахту сангин нишон доданд.

Рушди имрӯзаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешрафту ободиҳои дар қаламрави он амалигардида ва бамаротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят мисоли равшани ин мебошад.

Дар робита ба ин, як нуктаро хотирнишон месозам: дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳое ба анҷом расонида шуданд, ки дар замони гузашта иҷрои онҳоро умуман ғайриимкон медонистанд.

Дар ин давра бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинони вилоят бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти асосии мардуми вилоят, яъне набудани роҳҳо то имрӯз якчанд лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ ба маблағи миллиардҳо сомонӣ амалӣ карда шуд.

Дар натиҷа дар ҳудуди вилоят садҳо километр роҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд.

Имрӯз рафтуомади бехатару осони аҳолии вилоят ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, аз ҷумла боркашонии байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама ба рушди вилоят ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони он мусоидат карда истодааст.

Бинобар ин, мо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Хусусан, дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳар яки мо вазифадорем, ки дастовардҳои то имрӯз ноилгардидаамонро боз ҳам таҳким бахшем ва корҳои созандагиву ободониро вусъати бештар диҳем.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, махсусан, саноатикунонии босуръати кишвар сафарбар созем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, худшиносу худогоҳ бошем ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем.

Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои дар ҳақиқат таърихӣ – 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худ қарор доранд.

Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ мо соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардем, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии мардум, тақвият бахшидан ба эҳтирому риояи қонуният, яъне волоияти қонун, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон мебошад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат хурду бузурги сокинони вилоятро ба ифтихори ҷашни Меҳргон – яке аз ойинҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҷлил гардида истодааст, инчунин, 30-солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Дар ҷодаи муқаддасу пурифтихори ватансозиву давлатсозӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – саломатӣ, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша тандурусту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

Октябрь 13, 2024 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ