ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 31, 2024 08:00

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шуроободи) вилояти Хатлон сафар намуданд.

***

31 октябри соли 2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

31 октябри соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.

***

31 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми муштараки кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

***

31 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

31 октябри соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.

31 ОКТЯБР:

 

Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.

***

Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.

***

Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Гулчеҳра Содиқова— соли 1941 — овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2011), барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ (2008).

 

Октябрь 31, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш