Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раванди марҳилаи дуюми лоиҳаҳои «Устувор намудани бахши молиявӣ» ва «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба таъсири хавфҳои тағйирёбии иқлим ба низом, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, такмили заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар кардани хизматрасонии молиявии рақамӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, таъмини устувории низоми пардохт, маблағгузории иқтисоди «сабз» ва таҳияи пойгоҳи ягонаи маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти афзояндаи бахши молиявӣ дар сабзгардонии иқтисод бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба муассисаҳои молиявии мамлакат дар таҳия ва татбиқи таҷрибаи беҳтарини ESG, татбиқи барномаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои экологӣ кумак мерасонад. Бонк пайваста ба сӯи стандартҳо ва таҷрибаи беҳтарини эътирофшудаи байналмилалӣ ҳаракат мекунад.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода саҳми Бонки ҷаҳониро дар самти дастгирии кӯшишҳои муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон ба ҳайати Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, миннатдорӣ баён кард.
Роҳбари ҳайати бахши молияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки ҷаҳониро ба ҳамкории минбаъда иброз дошт.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






