Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳои баланд медиҳад
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, бахусус саъю кӯшишҳои он барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва рушди устувори мамлакат баҳои баланд медиҳад.
«Мо дар ин ҳамкорӣ дурнамои бузургро мебинем ва боварӣ дорем, ки лоиҳаҳои муштарак ҳам барои мамлакати мо ва ҳам барои минтақа натиҷаҳои дарозмуддат хоҳанд дод. Аз соли 1993 инҷониб дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи қариб 1 миллиард евро барои мусоидат ба рушди бахшҳо, аз қабили обу корезӣ, нақлиёт, энергетика, тиҷорат ва бахши хусусӣ татбиқ шуданд, ки боз як далели аҳамияти ҳамкории мо мебошад»,-изҳор намуд Ҳоким Холиқзода.
Таъкид гардид, ки афзалияти кунунии Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро фаро мегирад, ки метавонанд дар оянда омили рушди минбаъдаи иқтисодӣ гарданд.
Тоҷикистон бобати навсозии шабакаҳои нақлиётӣ, ки барои беҳтар намудани таъминоти логистика ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя муҳим ҳастанд, фаъолона кор мебарад.
Зимни вохӯрӣ диққати махсус ба сохтмони роҳҳои нав, нақбҳо, инчунин рушди иқтидори энергетикӣ, хусусан гидроэнергетика равона гардид, ки он яке аз афзалияти стратегӣ ба шумор меравад.
«Дар ин замина мо омодаем ҳамкориро бо бонк ва лоиҳаҳои он барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ, нав кардани иншооти энергетикӣ, ҳамчунин сохтмони обанборҳо ва системаҳои таъминкунӣ тақвият бахшем. Мо аҳамияти рушди устуворро дарк мекунем ва технологияҳои «сабз»-ро дар лоиҳаҳои худ фаъолона пешбарӣ мекунем. Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус энергияи офтобӣ ва обӣ аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мо аст»,- изҳори назар намуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
АКС: АМИТ «Ховар»










Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






