Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ тақвият медиҳанд

Октябрь 5, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мушовири калон — Роҳбари бахши ҳамкории дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Изабел Уриз Эрнандес дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии Фарохазар (Транскаспийск), инчунин пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шабакаи роҳҳои автомобилгарди Аврупо (The Trans-European Transport Network, TEN-T)-ро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба таҳқиқоти Иттиҳоди Аврупо вобаста ба раванди пешбурди Стратегияи «Дарвозаи ҷаҳонӣ» — и Иттиҳоди Аврупо (EU Global Gateway) барои Осиёи Марказӣ барои дарёфт ва муайян намудани долонҳои байналмилалии нақлиётӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Намояндаи дафтари Иттиҳоди  Аврупо иброз дошт, ки дар давраи кӯтоҳмуддат Иттиҳоди Аврупо талошҳои худро ба ҷалби сармоягузории инфрасохторӣ, алалхусус барои рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо як истгоҳ ва як маркази муштараки логистикӣ дар минтақаи гузаргоҳи сарҳади давлатии «Фотеҳобод», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин ба татбиқи системаи ҳамгироишудаи идоракунии сарҳад ва ҳамоҳангсозии шабакаҳои рақамии   Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд.

АКС: Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 5, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар