Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Октябрь 28, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ба шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади сафар иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби бештари ҷаҳонгардон барои боздидҳои муштарак мебошад.

Сафари намояндагони Тоҷикистон, ки бо мақсади густариши ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия анҷом дода мешавад, то 31 октябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Русия бо 329,0 ҳазор нафар гардишгар ворид гардидааст.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир он босуръат рушд менамояд.

Таваҷҷуҳ ва афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нишони он аст, ки соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳоли рушд қарор дошта, маконҳои зебои он диққати гардишгаронро беш аз пеш ҷалб менамоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид