Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз дидани гулҳои рангоранг ва буттаю дарахтони ороишию сояафкани кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу хуррами Душанбе, ки табъи кас болида мегардад, хеле хушҳол шудам. Чунин иброз дошт 10 октябр андешаҳояшро дар оғози мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
«Ман соли 2022 ба шаҳри Душанбе омада будам. Имрӯз дубора ба ин ҷо омада, шоҳиди он гардидам, ки Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ман имрӯз аз ин дигаргуниҳои пойтахти Тоҷикистон, хусусан меҳмоннавозии гарму самимии мардуми тоҷик хеле шод шудам», — гуфт Валентина Матвиенко.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия изҳор дошт, ки дар муддати кӯтоҳ Душанбе симояшро куллан дигар кардаву бо суръат рушд намудааст, ки мояи ифтихории халқи тоҷик мебошад.
Валентина Матвиенко ҳамзамон иброз дошт, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ мебошанд ва дар Русия ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имрӯз байни ҳарду давлат ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






