Вазъи фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ дар шароити рушди технологияи муосир баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Вазъи фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ дар шароити рушди технологияи муосир» ҳамоиш доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки китоб сарчашмаи дониш, аниси кунҷи танҳоӣ, омили асосии ташаккули инсони фарҳангӣ, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар шахс ва миллат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи китобдорӣ корҳои назаррас ба анҷом расонид.
Дар Тоҷикистон барои мутолиаи китоб шароити мусоид фароҳам оварда шуда, солҳои охир дар ин самт тағйироти куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Махсусан таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо, ташкили чопи осори гузаштагони соҳибкитоби мо, танзими шароити мусоид барои зиёиёни эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ хеле зиёд мебошад.
Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба тамоми гурӯҳҳои ҷомеа нигаронида шудааст, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати китобхонӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол бо ташаббуси Пешвои миллат «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чоп гардида, соли 2025 ба ҳар оилаи тоҷик ройгон дастрас мегардад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ дар шароити рушди технологияи муосир мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки раванди истифодаи маҷмуи усулҳо ва воситаҳои техникӣ ба ҷамъоварӣ, бунёд, захира, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ, интиқол, пешниҳод ва қабули иттилоот таъсири хуб мерасонад. Ҳамчунин ин раванд имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар ва вақти корӣ сарфа шавад, маҳсулнокӣ ва самаранокии меҳнати китобдорон тадриҷан баланд гардад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар татбиқи навгониҳои соҳаи китобдорӣ, фаъолияти китобдории тоҷик ва саҳми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 74 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида бо 1290 китобхона–филиал фаъолият мекунанд. Инчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






