Вобаста ба масъалаи ҳуқуқи занон дар оила ва ҷомеа ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳуқуқи занон дар оила ва ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак ва дигар масъалаҳои вобаста ба он то инҷониб дар мамлакат беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки заминаи асосии он аз санади олии мамлакат-Конститутсия сарчашма мегирад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бозгӯи он мебошанд.
Иброз гардид, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва масъулиятшинос нақши ҳалкунанда дорад.
Қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Маҳз аз самараи неки Истиқлоли давлатӣ ва файзи ваҳдати миллӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии онҳо ва фаъолияти кормандони касбу кори гуногун аз ҳисоби занон афзалияти хосса дода мешавад.
Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа аст.
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






