ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ГАҲВОРАИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар мамлакат 5 октябр — Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар замони муосир ва равандҳои он, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва ба миён омадани зарурати ҷиддии арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон аҳамияти махсус касб намудааст.
Аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҷойгоҳи сазовори хеш ноил шуд. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ беандозаанд. Маҳз бо дастгирӣ ва иродаи қавии Сарвари давлат ва ҳамовозии мардуми шарифи Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шуда, ҳамзамон бо қабули қонунҳои махсуси барои рушди забон нигаронидашуда мақоми забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва илму фарҳанг баланд бардошта шуд.
Барои ҳар як тоҷики фарзона ҳамин ифтихор кофист, ки аз баракати истиқлолу соҳибдавлатӣ Сарвари давлати мо дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ суханронӣ менамояд. Ин падидаи нек барои гузаштагони бошарафи мо ҳамагӣ дар сатҳи орзу буд. Воқеан, садо додани забони тоҷикӣ дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ як лаҳзаи ифтихор ва ғурури миллӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ, ки решаҳои амиқ дар тамаддуни ҳазорсолаи мо дорад, ҳамчун василаи муҳимтарини шинохти миллӣ ва ҳифзи ҳувияти тоҷикон шинохта мешавад. Дар давоми таърихи вуҷуди худ забони мо марҳалаҳои гуногуни рушду таҳаввулро гузаштааст. Забони тоҷикӣ на танҳо як воситаи иртибот, балки махзани маърифат, ҳикмат ва ахлоқи инсонист. Адибону олимон бо забони тоҷикӣ офаридаҳои нодир ба миён овардаанд, ки имрӯз ҳам барои тоҷикон ва тамоми ҷаҳон аҳамияти гаронбаҳо доранд. Осори мондагори Рӯдакиву Мавлоно, Хайёму Сино ва даҳҳо бузургони мо далели ин гуфтаҳоянд.
Забон на танҳо воситаи муошират, балки ҳамчунин муҳимтарин унсури фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вақте ки забонҳои зиёде таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд, ҳифзи забони модарӣ як вазифаи муқаддас аст. Дар ин росто, дар кишвари мо низ санадҳои меъёрие қабул шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифз ва гиромидошти нақш ва мавқеи забони тоҷикӣ мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ нишони арҷгузорӣ ба ин мероси миллии мо аст.
Забони тоҷикӣ имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳамчун забони илм, фарҳанг ва маориф фаъолият мекунад. Он дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ тадрис ва таҳқиқ мешавад. Ҳамзамон, осори зиёди илмӣ ва фарҳангӣ бо ин забон нашр мегарданд, ки онҳо ба рушди фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун воситаи муошират дар доираҳои байналмилалӣ низ аҳамияти худро пайдо кардааст.
Бо вуҷуди ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири забону фарҳангҳои бегона ҳифзи забони тоҷикӣ ба як масъалаи муҳим табдил ёфтааст. Фарҳанг ва забони тоҷикӣ бояд дар заминаи арзишҳои миллӣ ҳифз шаванд, то ки таъсири манфии фарҳангҳои бегона коҳиш ёбад. Забон ҳамчун таҷассумгари фарҳанг бояд аз таъсири нолозим ва харобиовари беруна муҳофизат шавад, то ҳамчун гаҳвораи ҳувияти миллӣ ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шавад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як фарди бонангу номус беш аз ҳар вақти дигар барои таҳкими нақш ва мавқеи забони тоҷикӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он, инчунин муаррифии шоистаи забони модарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ кори аз дасташ меомадаро дареғ надорад. Зеро бо муаррифии шоистаи забони тоҷикӣ, фарҳанги миллати мо низ ҳамаҷониба ба таври матлуб муаррифӣ мегардад.
Ҳар як калима, ҳар як иборае, ки аз замони гузашта то ба имрӯз боқӣ мондааст, таҷассумгари таърихи пуршарафи миллат аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи забони тоҷикӣ на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Барои нигоҳ доштани ин мероси беназир, мо бояд забони модарии худро на танҳо дар муоширати рӯзмарра истифода барем, балки дар таълим, тадқиқот ва эҷодиёти нав низ онро пеш барем.
Дар ин росто, шахсиятҳои бузурги миллат, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба нақши муҳим ва ҳаётан зарурии забони тоҷикӣ таъкид менамоянд. Таъкидҳои Пешвои миллат ба аҳамияти омӯзиши амиқи забон ва ҳифзи он барои рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар асоси муҳимест барои пайравӣ аз ин ҳадафҳо.
Таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар иртибот ба зарурати ҳафзи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ бояд ҳар як тоҷики огоҳу бедорро ба андеша водор созад. Андеша кунем, ки ҳар сол дар Рӯзи забон мо бояд на танҳо дар бораи таърихи забон андеша кунем, балки ба ояндаи он низ диққат диҳем. Забон, ки аз гузашта ба мо расидааст, бояд дар оянда низ ҳамчун сутуни асосии миллат ва фарҳанг зинда монад.
Бо арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, мо ба ҳифзи фарҳанги миллии худ хизмат мекунем. Ин забон, ки мисли чашмаи равони маърифат ба мо мерос мондааст, бояд ҳамчун гаҳвораи ҳувияти миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ба мерос гузошта шавад.
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид






