Зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат соҳиби хонаҳои нав шуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба зарардидагони офати табиии деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, ки дар натиҷаи борони шадиди 18 майи соли 2024 5 манзили истиқоматӣ пурра ва ду манзил қисман зарар дида буд, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода калидҳои хонаҳои нав супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои сохтмони ин хонаҳо аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, шағал, тахта, шифери пӯлодин, дару тиреза ва рангҳои гуногун дастрас гардид.
Манзилҳои нави истиқоматӣ дар муддати ду моҳ бунёд шуда, бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъмин мебошанд.
Сокинони деҳа барои таъмин шудан бо хонаҳои нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






