ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад
ҲИСОР, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 таъсис дода шуд. Дар шаҳри Ҳисор 42 сардхона бо ғунҷоиши 9805 тонна маҳсулот мавҷуд буда, дар онҳо захиранамоии маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.
Тавре масъулини шаҳри Ҳисор ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар доданд, барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар соҳаи маориф то 5 октябри соли равон як ҳазору 400 тонна ангишт, 502 метри мукааб ҳезум ва 654 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар шаҳри Ҳисор 2143 тонна ангишт, 1116 метри мукааб ҳезум ва 21 тонна сӯзишвории дизелӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз 42 буғхона 14 адад дар ҳолати корӣ қарор дошта, 166 гармкунаки барқӣ ва 2717 бухорӣ омода карда шудаанд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор барои харидани ангишт ва ҳезуму сӯзишворӣ ду миллиону 150 ҳазору 525 сомонӣ пешбинӣ шуда, то 5 октябри соли равон 49 фоизи ин маблағ ҷудо гардид.
Дар соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор ба миқдори 89 метри мукааб ҳезум, 198 тонна ангишт ва 1300 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин 34 генератори барқдиҳанда, 200 гармкунаки барқӣ ва 165 бухорӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Дар шаҳри Ҳисор 107 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба хати озоди барқ пайваст мебошанд.
Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти захираи онҳо дар сардхонаю анборҳои ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Аҷр», «Хизмат-1», «Самоҳ», «Суҳробшоҳ» ва хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр ба ҳолати 5 октябри соли равон 655 тонна орд, 6062 тонна гандум, 225 тонна биринҷ, 90,8 тонна равған, 20 тонна макарон ва 150 тонна сабзӣ захира карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






