25 нафар хизматчиён ва кормандони идораҳои давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби манзили нави зист шуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон соҳиби манзили нави зист гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба кам намудани шумораи қитъаҳои замин барои сохтмони хона, дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз намудаанд. Аз ҷумла, 9 ноябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои истиқоматӣ дорои 25 хона, аз ҷумла 20-то ду ва 5-то як ҳуҷрагӣ буда, дар ҳар як ошёна ҷойи муайяни либосхушккунӣ мавҷуд аст. Бино дар масоҳати 30 садяк замин қомат афрохта, дар хонаҳои фароху барҳавои он барои зисти хизматчиёни давлатӣ ва оилаашон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дода шуд.

Боиси хушнудӣ ва сарафрозист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин биноҳои истиқоматии хизматӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки дар натиҷа чандин оилаҳо соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи 35-cолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 118-тои он мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома доранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






