30-солагии қабули Конститутсияро дар Суғд бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати тақдирсоз-Конститутсия муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Чунин изҳор намуд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иброз гардид, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардида, он мардуми мамлакатро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ намуд.
Воқеан ҳам, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатамонро таъмин намуда, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунанда ва ҳимоятгари манфиатҳои тамоми мардуми мамлакат буда, ин санади сарнавиштсоз барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ҳоло дар вилояти Суғд корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо идома дошта, раванди бунёдкориву созандагӣ равнақ меёбад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандони соҳаҳо барои саҳми муносиб дар рушди ҷомеа ва таъмини волоияти қонун Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






