35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави Раёсати молия ба истифода дода мешавад

Ноябрь 13, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «ХОВАР»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сохтмони бинои нави Раёсати молия идома дошта, аллакай 95 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҳамадонӣ Қадамшо Расулзода иттилоъ дод, бино сеошёна буда, аз 11 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2024 оғоз гашта, дар он 15 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Дар айни замон рангубори беруни бино идома дошта, тибқи нақша иншоот дар арафаи Рӯзи Президент ба истифода дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 13, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст