35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллои шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Иншоот аз ҷониби шаҳрванд Саидбек Давлатбеков бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобати дандон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бояд гуфт, ки давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат соҳаи тандурустӣ рушд намуд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 72 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин буда, танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






