4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд

Ноябрь 21, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Обед Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва дар мусобиқаи сайри навбатии ҷудои ҷаҳон — Tokyo Grand Slam 2024 иштирок менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо 7-8 декабри соли 2024 дар шаҳри Токио баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа то имрӯз 183 ҷудочӣ аз 42 давлати ҷаҳон номнавис гардидаанд.

Ин мусобиқа, ки яке аз чорабиниҳои муҳими тақвими байналмилалии ҷудо ба ҳисоб меравад, беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро дар бар мегирад. Ҷудочиёни тоҷик, ки таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланд доранд, барои нишон додани истеъдод ва иродаи қавӣ ба майдони ҷаҳонӣ ҷалб мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо барои иштирокчиён имкони муҳиме аст, ки холҳои заруриро барои беҳбуди мавқеи худ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ба даст оранд. Таваҷҷуҳи алоҳида ба Виктория Киселёва дар вазни +78 кг равона шудааст, ки дар байни занон рақобат мекунад. Ҳамчунин Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ва Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг бо рақибони пурқувват дар вазнҳои худ рақобат менамоянд.

Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо на танҳо майдони рақобат, балки намоиши ҷасорат, санъати ҷудо ва руҳияи қавӣ аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд