Намояндагони Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод дар ИДМ соҳиби ҷоизаи «Лидер СНГ» шуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду намояндаи Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар Иттиҳои Давлатҳои Мустақил бо ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, директори тарабхонаи «Бухоро» дар шаҳри Душанбе Самандар Суннатзода ва директори генералии ширкати мобилии «Tcell» Озодхон Давлатшоев сазовори ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» гардиданд.
Ин нишони сарисинагӣ ва ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пешниҳоди маҳсулоти беҳтарин ва босифат, хизматрасонии муосир, инчунин малакаи баланди роҳбарӣ ба мудирони ширкатҳои бонуфузи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим мегардад.
Ба ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардиданд. Дар фазои соҳибкории мамлакат ин ширкатҳо аллакай дар сатҳи баланд муаррифӣ шуда, имрӯз таваҷҷуҳи шумораи бештари шаҳрвандони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ, махсусан сайёҳонро ҷалб кардаанд.
Тарабхонаи «Бухоро» яке аз 5 беҳтарин муассисаи хизматрасонии тарабхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
Ба иттилои масъулини Комиссияи ҷоизаи «Лидер СНГ», тарабхонаи «Бухоро» чанд маротиба дар озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ амалӣ шудааст, сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин тарабхона» гардидааст. Тарабхона инчунин дар номинатсияи «Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона» низ ғолиб дониста шудааст.
Ширкати Тcell яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши назаррас дорад. Ширкат нақша дорад, ки бо пешниҳоди хизмати пешрафтаи иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ боз ҳам бештар навовару пешоҳанг бошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ширкат ҳамарӯза шабакаашро тақвият дода, технологияи муосирро амалӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат инчунин дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоӣ ба бахши соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, дар пешрафти иқтисоди мамлакат саҳм мегузорад.
АКС аз манбаъҳои боз