КОНФЕРЕНСИЯИ COP29. Роҳбарони 80 давлат ва ҳукумат дар Боку масоили иқлимро баррасӣ менамоянд

Ноябрь 11, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Боку иҷлосияи навбатии 29-уми Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) оғоз шуд, ки дар он роҳбарони тақрибан 80 давлат ва ҳукумат иштирок мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости».

COP29 яке аз муҳимтарин платформаҳое аст, ки дар он сиёсати глобалии иқлим баррасӣ карда мешавад. Кишварҳои иштироккунанда дар мавриди коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва суръат бахшидани интиқоли энергетикӣ мубодилаи афкор менамоянд. COP29 ҳамчун «COP-и молиявӣ» муайян карда мешавад, зеро дар он барои давлатҳо ҳадафи нави глобалии маблағгузории чораҳо бобати мубориза бо тағйирёбии иқлим муқаррар мегардад.

Бо амиқтар шудани буҳрон ҳаҷми воқеии маблағгузории иқлим, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар айни замон ба он ниёз доранд, дар як сол аз 500 миллиард доллар то 1 триллион доллар арзёбӣ карда мешавад.

Ба маълумоти кумитаи тадорукоти конференсия, яке аз ташаббусҳои калидӣ дар рӯзномаи COP29 таъсиси Фонди амал оид ба маблағгузории иқлимӣ мебошад.

«Интизор меравад, ки ин фонд дар рафъи норасоиҳои мавҷуда дар маблағгузории иқлимӣ нақши муҳим мебозад»,- омадааст дар посухи кумитаи тадорукоти COP29 ба дархости РИА «Новости».

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд