ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад

Ноябрь 10, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қонунгузорӣ масъулияти басо муҳимми давлатӣ – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 10 ноябри соли 2023.

Бояд гуфт, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола дар мамлакат 10 ноябр Рӯзи кормандони милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, кормандони фаъоли соҳа ҳавасманд ва қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин масъулини ниҳодҳои дахлдор ба хабаргирии собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ рафта, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, бо иди касбиашон табрик менамоянд.

Ногуфта намонад, ки қариб ҳар сол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ин соҳа мулоқот намуда, зимни суханронӣ ба онҳо вобаста ба анҷоми фаъолияти хуби хизматӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханронӣ дар ҷашни Рӯзи милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ин ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 иншооту биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, танҳо дар даҳ соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ даҳҳо иншооти нав сохта, ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 10 ноябри соли 2023 Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо бо заҳмати зиёд, инчунин, матонату шуҷоати ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст. Ҳимояи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба дӯши шумо гузошта шудааст».

«Иҷрои ин вазифаи муқаддас аз ҳисси баланди миллӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо ва муҳимтар аз ҳама, аз садоқати шумо ба халқ, Ватан ва давлати худ вобастагӣ дорад. Дар ин раванд, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифаи роҳбарони мақомот, ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад. Бовар дорам, ки шумо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худ минбаъд низ омода буда, ба савганди ёдкардаи хеш содиқ мемонед»,-хотирнишон намуданд Президенти мамлакат.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 10, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид