Ҳамкории судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ бо ҷониби Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷи Шумин ҳамкории судманди дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот бо ишора ба масъалаҳои афзалиятноки гумрукӣ ба афзоиш додани гардиши тиҷорати хориҷии ду давлат диққати аввалиндараҷа зоҳир гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти омори гумрукӣ, инчунин бартараф намудани ихтилофоти омори гумрукии давлатҳо масъалагузорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки раванди содироту воридоти молу маҳсулот байни давлатҳо дар якҷоягӣ сабаби хуб ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ гардидааст.
Бо назардошти имконияти кишоварзии Тоҷикистон барои афзоиши гардиши мол байни тарафҳо масъалаи содироти меваи тару тоза ва хушкмеваҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин масъалаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ байни давлатҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ дар чаҳорчӯби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ муҳокима гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ намуданд. Иброз шуд, ки ин вохӯрӣ ба рушди босуръати ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ замина мегузорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






