«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид

Ноябрь 19, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш дастовардҳои ҷавонон, варзишгарон ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.

 

Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Яке аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар замони соҳибистиқлолӣ — 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Баъди он чандин барномаҳои дигар, ба монанди «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.

Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ  ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Ин, пеш аз ҳама, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани мақомоти ваколатдори давлатии соҳа, яъне Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Стипендияи президентӣ, таъсиси Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон  мебошад.

Имрӯз ҷавонони мо бояд аз ин шароити мусоид истифода бурда,  ба илмомӯзӣ машғул шаванд. Тавре Сарвари давлат борҳо зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, “ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст ва маҳз ҷавонон метавонанд бо  ҳисси баланди  ватандӯстиву ватанпарастӣ дар беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд”.

Дар ҳамоиш ба 30 хатмкунандаи маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» гувоҳнома супорида шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад