Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд сокинони шаҳри Турсунзода ройгон ташхис карда шуданд

Ноябрь 9, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд (14 ноябр) дар Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода ва Маркази саломатии деҳавии «Пахтаобод» сокинон ба таври ройгон ташхис гардида, ба машварати тиббӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ташхис ва машварат аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 300 сокини шаҳр гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки диабети қанд беморие аст, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ва ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад. Инсулин барои табдил ёфтани қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) дар хун то сатҳи хатарнок боло меравад. Аз ин рӯ диабети қанд яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари ҷаҳон беш аз 500 миллион нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Мактаби диабет» барои кӯдакон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии мамлакат низ мавҷуд ҳастанд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатар омӯзонида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

Ноябрь 9, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад