Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии назорати маводи нашъаовар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент, ки дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ иштирок намуда, аз хизматҳои шоистаю бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, дар ҷаласа оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ибрози андеша карда шуд.
«Ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад», — таъкид карда шуд дар ҷаласа.
Дар идома тазаккур дода шуд, ки муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд.
Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон, бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.
Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ аз кору пайкори ин абармарди қавиирода ва сулҳпарвару ватандӯст ёдрас шуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






