Бахшида ба Рӯзи Президент дар Маркази миллии патенту иттилоот ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.
Зимни ҳамоиш директори муассиса Мирзо Исмоилзода иброз намуд, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст».
Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки ба ҳама дастовардҳои беназире, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб гардидааст, мо тавассути роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем.
Иброз гардид, ки тамоми фаъолияти пурмаҳсули сиёсии Пешвои миллат ба ҳайси Сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, одамияту таҳаммулпазирӣ, тамаддунсозиву илмомӯзӣ ва ватандӯстиву ваҳдатгароӣ аст.
Дар фарҷом як зумра кормандони муассиса — фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ қарда шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






