Бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр бо ибтикори ҳафтаномаи «Омӯзгор», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, роҳбарият ва кормандони нашрияи «Омӯзгор», Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои маҳсилоти миёнаи умумию таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.
Дар конференсия масъалаҳои “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон – таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ”, “вазъи баргузорӣ, ҳадаф ва нишондодҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон”, “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон – раҳкушои ҷодаи амният ва рушди кишвар”, “интихоби Роҳбари давлат – бузургтарин комёбии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – намои ваҳдату ҳамдилии мардуми мамлакат ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон”, “Президенти ҷумҳурӣ – шаъну шараф ва эътибори миллат”, “Рушди маориф ва илм дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасию андешаронӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар конференсияи мазкур аз ҷониби муҳаққиқону олимон наздики 30 мақолаю маърӯза пешниҳод гардида, маърӯзаҳо дар шакли маҷмуаи мақолаҳо ба табъ хоҳад расид.













Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






