Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи Беларус-Русия ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, созишномаҳои ҳамкорӣ 27 ноябр дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус дар самти боғҳои фанноварӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, таҳияи маводи таълимии муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода ба имзо расонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» баргузор шуд. Форум имрӯз идома меёбад.
Ҳадафи асосии форум таҳия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи таҳсили олӣ ва илм, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мебошад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






