Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз рӯйи барномаи «Усулҳо ва воситаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ» машғулияти кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаронида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, машғулият ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуда, дар он коршинос аз Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия иштирок намуд.
Дар доираи машғулият масъалаҳо оид ба нақш ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, инчунин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, шаклҳо ва усулҳои муосири маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Дар интиҳои машғулият ба шунавандагон шаҳодатнома супорида шуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






