Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд

Ноябрь 27, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз рӯйи барномаи «Усулҳо ва воситаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ» машғулияти кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаронида шуд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, машғулият ба Соли маърифати ҳуқуқӣ  бахшида шуда, дар он коршинос аз Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия иштирок намуд.

Дар доираи машғулият масъалаҳо оид ба нақш ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, инчунин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, шаклҳо ва усулҳои муосири маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.

Дар интиҳои машғулият ба  шунавандагон шаҳодатнома супорида шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд