Бо фаъолияти Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Чин рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин ҷаласаи 15-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, масъулини Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Чин Сун Ҷин иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ табодули афкор доир шуда, фаъолият ва дастовардҳои як соли сипаришудаи Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкадаи Конфутсий- ин таҳкими ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян мебошад.
Давоми солҳои охир дар заминаи ҳамкории Донишкадаи Конфутсий гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва гурӯҳе аз донишҷӯёни чинӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сафар мекунанд, то дар барномаҳои табодули донишҷӯён иштирок намоянд.
Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи омӯзгории Синзян, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи омӯзиш ва таҳқиқот мебошад, густариш меёбад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда ва фаъолияти густурдаи Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли оянда таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2008 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий таъсис ёфт, ки ҳамчун пули пайвандгари миллатҳо хизмат мекунад. Тавассути ин Донишкада чандин ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки забон, фарҳанг ва анъанаҳои бойи мардуми Тоҷикистон ва Чинро омӯзанд. Имрӯзҳо Донишкадаи Конфутсий дар тақвияти ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ байни Тоҷикистон ва Чин нақши калидӣ мебозад. Ин ҳамкорӣ маҳз тавассути лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин баргузории конфронсҳои илмӣ тақвият меёбад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






