Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Маркази мазкур дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар ҷойгир гардидааст. Ҳамчунин дар ин рӯз як мошини ёрии таъҷилӣ, мошин барои бурдани корҳои ҷустуҷӯйи минаҳо ва таҷҳизот барои наҷотдиҳандагон ба истифода дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани машқҳои наҷотдиҳӣ ва истифодаи хизматӣ як адад ҳавопаймо ва чархбол ҷудо гардидааст.
Маркази таълимӣ як маҷмааи махсусгардонидашуда мебошад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои минтақа барои омодагии ҳамаҷонибаи амалии дастаҳои наҷотдиҳӣ ташкил шудааст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода иброз дошт, ки «наҷотдиҳандагон дар ин пойгоҳ навъҳои муосири таҷҳизотро месанҷанд, технологияи навтарини гузаронидани корҳои наҷот дар ҳолатҳои садамаҳои гуногунро меомӯзанд ва амалиёти тактикиро дар рафти корҳои наҷот такмил медиҳанд».
Номбурда илова намуд, ки Марказ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар самти огоҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода инчунин расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавфмонда мусоидат менамояд.
Марказ дар Осиёи Марказӣ ягона буда, барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, такмили донишҳои касбӣ ва бозомомӯзии онҳо кумак мерасонад.
«Ин марказ барои баланд бардоштани маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, гузаронидани машқҳои мунтазами наҷотдиҳӣ, омода намудани мутахассисони нав ба хизмат қабулгардида, ҷузъу томҳои Хадамоти наҷотдиҳӣ ва омода намудани мутахассисони давлатҳои ҳамшарики ҳамсоя бо мақсади гузаронидани амалиётҳои муштараки наҷотдиҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад», — таъкид намуд Рустам Назарзода.


Дар Маркази миллии таълимӣ корҳои сохтмон ба се марҳила тақсим шудааст. Айни замон марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ ба охир расида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии марҳалаи якуми бинои Марказ моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, моҳи июни соли 2022 хотима ёфтанд. Дар марҳилаи якуми сохтмон, меҳмонхона барои 120 нафар, ошхона барои 80 нафар, хонаи қабули волидайни сарбозон, нуқтаи назораи гузаргоҳ бунёд шуда, корҳои барқтаминкунӣ, обтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ ба анҷом расидаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






