Дар Академияи миллии илмҳо китоби «Тоҷикон» дар тарҷумаи арабӣ муаррифӣ гардид

Ноябрь 11, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров дар тарҷумаи арабӣ рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Муаллифи тарҷума адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ Иброҳим Истанбулӣ мебошад. Китоб зери назари узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар тарҷума гардидааст.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид кард, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «китоби «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».

Воқеан, аз нашри асари бунёдии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт. Дар ин муддат асар эътирофи ҷаҳонӣ пайдо намуда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.

Таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20 исбот мекунад. Имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз муътабартарин сарчашмаҳои соҳа ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат намуда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд.

Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки давоми таърих бар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хизмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш он аст, ки ӯ бо пажуҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дода, исбот намуд, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ гузоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки 4 ноябр дар шаҳри Кувайт дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт муаррифии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо иштироки шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид