Дар Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ савгандёдкунии наваскарон доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расми савгандёдкунии наваскарон бо иштироки масъулини ин навъи қӯшун ва дар фазои идона доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш наваскароне, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон аъзои Бригадаи ҳамалаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ гардидаанд, дар маркази майдони сафороии қисми низомӣ тантанавор саф ороста, бо даъвати афсарон ва дар назди ҳозирин савганди садоқат ба халқу Ватанро ба забон оварданд.
Баъди ёд кардани Савганди ҳарбӣ ҳар наваскар сарбози комилҳуқуқи Ватан мегардад ва аз ӯ, пеш аз ҳама, интизоми баланди ҳарбӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.
Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал яке аз неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, наваскарон тибқи барномаи тақвиятёфтаи омодагии ҷангӣ таълиму тарбия дода мешаванд.
Дар ҷараёни савгандёдкунии наваскарон аз ҷониби взводи ҳамлаовари десантии ин бригада роҳу усулҳои ҳимоя дар задухӯрдҳои тан ба тан намоиш дода шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






