Дар деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон ба истифода дода шуд

Ноябрь 10, 2024 11:00

ХОРУҒ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои 35 нафар ба истифода дода шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал се синфхона барои рушди зеҳнии кӯдакон ва дар ошёнаи дуюм толор барои бозиҳои варзишию фарҳангӣ, ҳамчунин ошхона ҷойгир аст.

Сохтмони биноро Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Хизматгор» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ба анҷом расонида, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои сохтани ин марказ 1 миллиону 463 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Сокини ин деҳа Фирӯза Дилдорбекова гуфт, ки «қабл аз ин мо фарзандонамонро ба марказҳои деҳоти ҳамсоя мебурдем. Дар фасли зимистон бо сабаби бориши зиёд, ҳавои сард ва зуд фаро расидани шом кӯдакон азоб мекашиданд. Волидон низ ба кор баъзан дер мерасиданд. Ҳоло дар пеши хонаамон чунин бинои зебо сохта шуд ва ҳам кӯдакону ҳам волидонашон аз мушкилӣ раҳоӣ ёфтанд. Барои чунин ғамхорӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипос менамоем».

Раиси Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Найшакар Найшакаров гуфт, ки «дар деҳаи Тишор 166 хонавода зиндагӣ мекунанд ва ду соли пеш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон муроҷиат намуданд. Ин муроҷиати онҳо зуд мавриди омӯзиш қарор гирифт ва давоми ду сол ин бино ба истифода шуд. Ҳоло шумораи чунин марказҳо ба панҷ адад расидааст. Дар ояндаи наздик боз ду деҳаи дигари ҷамоати деҳот соҳиби Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мегарданд».

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот кӯдаконро барои соҳиби чунин бинои хуштарҳу зебо гардидан табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Мураббиён даъват шуданд, ки бо истифода аз тарзу усулҳои муосири педагогӣ ин кӯдаконро хушахлоқу бомаърифат ба воя расонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 10, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид