Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва маорифи ноҳияи Сино ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, ҳамоиш ба иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» нигаронида шуда, мақсади асосии он ошкор ва равшан кардани масъалаҳои муқовимат ба паҳншавӣ ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм буд.
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Ҳакимбек Абдуалимзода доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро сухан гуфт. Иброз шуд, ки ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар инсони комил мебошад. Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад».
Тоҷикистон дар мубориза ва пешгирии терроризму ифротгароӣ дар сафи пеш қарор дошта, бо сиёсати устувор дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як давлат ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Имрӯз ҳар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад, фаъоливу зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои ҳифзи амнияти миллӣ саъю талош намояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






