Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳи таҳқиқотии партовҳои обӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Озмоишгоҳ барои арзёбии сифати партовҳои обӣ бунёд гардида, бо асбоби навин муҷаҳҳаз шудааст. Он таҳлилҳои ҳамаҷонибаи физикӣ, химиявӣ ва биологиро барои риояи меъёрҳои экологӣ ва дастгирии идоракунии захираҳои обӣ анҷом медиҳад.
Барои пешбурди фаъолияти озмоишгоҳи ташхисӣ дар маҷмуъ зиёда аз 50 номгӯй маводу таҷҳизоти замонавӣ дастрас шудааст.
Дар озмоишгоҳ муайян кардани ифлоскунандаҳо, аз қабили моддаҳои органикӣ, пайвастагиҳои токсикӣ ва микроорганизмҳои патогенӣ барои риояи стандартҳои экологӣ, таҳлили сифати партовҳои обӣ аз манбаъҳои дохилӣ (масалан, беморхонаҳо, мактабҳо ва муассисаҳо), назорат намудани сифати манбаъҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ барои таҳияи чораҳои муҳофизатӣ барои захираҳои обӣ, арзёбии таъсири муҳитии партовҳои обии саноатӣ ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар кардани сифати об дар минтақаҳои саноатӣ амалӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, гармшавии босуръат ва талаботи зиёд ба об дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва рӯзгор мушкилоти камбуди об ва норасоии оби тоза имрӯз ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва таҳқиқот дар соҳаи захираҳои обӣ, беҳдошт ва гигиена барои беҳтар гардонидани вазъи экологии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти сифати об дар манбаъҳои обтаъминкунӣ ва ҳифзи захираҳои об тавассути санҷиши сифати об ва пешниҳоди тадбирҳои нав барои ҳалли мушкилоти экологӣ ва коҳиш додани дараҷаи партовҳо дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва бисёр соҳаҳои дигар ба таври назаррас тадбир меандешад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






