Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид

Ноябрь 26, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар даври ниҳоии озмун, ки  дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе идома дорад, 150 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи озмун дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» барои соҳибкасб гардонидани аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзгорашро пеш барад.

«Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбир меандешад, ки ба наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ касбҳои коргарӣ омӯзонида шаванд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ёдовар мешавем, ки  даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯйи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Маросими даври ҷамъбастии озмун 27 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо гузаронида мешавад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд